Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 Июль 2018

Дар бораи бо стипендияи Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани Ғайбуллоева Меҳрона Анваровна

Бо мақсади ҳавасманд ва қадрдонӣ намудани соҳибистеъдоди ҷавон - Ғайбуллоева Меҳрона Анваровна, ки соли 2018 дар озмуни байналмилалии “Ты супер”-и шабакаи телевизионии “НТВ” – и Федератсияи Россия иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ  намудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

                                      ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ғайбуллоева Меҳрона Анваровна бо стипендияи Раиси шаҳри Душанбе бо маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар як моҳ барои нуҳ моҳи соли хониши 2017-2018 таъмин карда шавад.

2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 2250 (ду ҳазору дусаду панҷоҳ) сомонӣ ҷиҳати пардохти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ба Ғайбуллоева М.А. ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

3. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намояд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                                      Рустами Эмомалӣ