Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 February 2011

21 феврали соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа дар радифи масъулини сохторҳои шаҳрӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инчунин директорони бозорҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолияткунанда новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ширкат варзиданд.

Чун масоили мубрами рӯз – вазъи нарху наво ва ғановати бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, ки мавриди таваҷҷӯҳи доимии шаҳрдорӣ қарор дорад, баррасӣ карда шуд.

Қабл аз ҳама зикр гардид, ки шаҳрдорӣ дар идомаи тадбирҳои ҳамешагии роҳандозӣ намудааш оид ба дастгирии аҳолӣ баҳри дастрасӣ ба маҳсулоти нисбатан арзони хӯрокворӣ, пеш аз ҳама пешгирии болоравии нархи орд дар шаҳр бобати ташкили захираи маҳсулоти ғалла ҷиҳати истеҳсоли орд, аз ҳисоби буҷети шаҳр 12 млн сомонӣ мувофиқ ба Қарори Раиси шаҳр № 101 аз 15 феврали соли ҷорӣ ҷудо намуд. Дар асоси он тибқи шартномаи сеҷонибаи миёни Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» ва  ҶДММ «Ҷасур» ба имзорасида Ҷамъияти мазкур вазифадор аст, ки бо таҳвили миқдори зарурии ғалла истеҳсоли орди хушсифатро таъмин намояд ва орди истеҳсолдгардида аз ҷониби КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» дар бозорҳои зертобеи он ба фурӯш гузошташуда, то  1 сентябри соли 2011 маблағи зикргардида ба буҷети шаҳр баргардонида мешавад.

Дар ин зимн аз тамоми директорони бозорҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолияткунанда новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ даъват ба миён оварда шуд, ки баҳри дастгирии истеъмолкунандагони шаҳр оид ба аз ҳисоби захираҳои худи бозорҳо бо нархҳои арзон ба фурӯш гузоштани  маҳсулот то 28 феврали соли ҷорӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ҳолати зарурат унвонии шаҳрдорӣ барои кӯмак муроҷиат намоянд, ки дастгирӣ хоҳад ёфт. Ҳамзамон таъкид гашт, ки шаҳрдорӣ ба потенсиали онҳо оид ба ҳамкории иҷтимоӣ баҳри ғановати бозори истеъмолӣ бовар дорад ва дар сурати дар мӯҳлати муқарраргардида роҳандозӣ нагаштани тадбирҳо аз ҷониби онҳо нисбати фаъолияти минбаъдаи бозорҳои мавҷудаашон тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чораҳои қатъӣ андешида хоҳад шуд.

Бо ин мақсад муқаррар гашт, ки комиссияҳои бо салоҳияти депутатӣ ва ҷамъиятӣ ҳамарӯза мониторинги нарх дар бозорҳоро пешбурда, сохторҳои дахлдори давлатӣ оид ба пешгирӣ намудани фаъолияти монополистии субъектҳои алоҳида, ки ба болоравии стихиявии нарх боис мегарданд, қотеъона чораҷӯӣ намоянд.

Аз прокуратураи ноҳияҳои шаҳр хохиш карда шуд, ки ҳолати истифодабарии моликияти коммуналӣ дар бозорҳои коммуналиро то 1 апрели соли 2011 мавриди санҷиш қарор дода, фаъолияти дислокатсионии бозорҳоро  оид ба фурӯши маҳсулот зери назорати доимӣ гиранд.

Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморӣ  ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки то 28 феврали соли 2011 ҷиҳати дар ҳар кадом ноҳияҳои шаҳр сохтмони яктогӣ  бозорҳои иловагии маҳсулоти кишоварзӣ тибқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр қитъаҳои заминро интихоб намуда, унвонии шаҳрдорӣ пешниҳод намоянд.

Дар ҷаласа бо дахли дигар масъалаҳои ҳаёти хоҷагидории шаҳр ҳолати корҳои омодагӣ  ба Наврӯзи байналмилалӣ матраҳ карда шуд. Муқаррар гардид, ки дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе шоми 20 март сокинон ва меҳмонони шаҳр фарорасии Наврӯзро бо баргузории шоу - консерти идона дар майдони «Дӯстӣ» истиқбол гирифта, 21 март дар Наврӯзгоҳи шаҳрӣ чорабинии тантанавии таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, 22 март аз ҷониби шаҳрдорӣ дар варзишгоҳи Марказӣ гӯштини миллӣ, 23 март дар Наврӯзгоҳи шаҳрӣ пойгаи аспӣ ва дар ноҳияҳои пойтахт маъракаҳои Наврӯзӣ  ва 24 март дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо ҷашни иди аҷам доир карда мешаванд, ки дар ҳама базмгоҳҳо воридшавӣ озод мебошад.

Инчунин дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳолати хизматрасониҳои коммуналӣ, ҷараёни татбиқи Лоиҳаҳои инвеститсионии дар бахши обтаъминкунӣ ва идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳрро мавриди баррасӣ қарор дода, Исупов Файзулло Алихоновичро ба вазифаи директори КВД «Обу корези Душанбе» таъин намуд.