Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 Июль 2018

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бинобар гузаронидани корҳои таъмирӣ дар қитъаи роҳи аз буриши хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Бухоро ("Телевизиони Сафина") то кӯчаи академик Раҷабовҳо ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт,  шуруъ аз соати 22:00-и 27-уми июли соли 2018 қатъ гардонида шуда, самти ҳаракати хатсайри микроавтобусҳои №№ 1, 2, 13 ва 25 муваққатан тавассути кӯчаҳои Шевченко, Ҷалол Икромӣ бо баромад ба майдони Дӯстӣ, кӯчаи Теҳрон ва ҳаракати автобусҳои хатсайри №№ 3 ва 8 бо кӯчаҳои Ҷалол Икромӣ ва  Шевченко бо баромад ба кӯчаҳои С.Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Беҳзод ва Мирзо Турсунзода ба роҳ монда мешавад.