Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 Август 2018

Дар бораи гузаронидани озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин»

 

Бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, №АП-1044 ва сазовор таҷлил намудани 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                                          ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.   Ҷиҳати муайян намудани беҳтарин маҳалла ва кӯча бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида, дар арафаи таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шаванд.

2.  Ҳайати Комиссияи шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» тибқи замимаи 1 тасдиқ  гардида, он фаъолияти худро дар асоси қоидаҳои гузаронидани озмун тибқи замимаи 2 ва варақаҳои арзёбии фаъолияти маҳалла ё кӯча ба роҳ монад.

3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна озмунҳо ва то 20 августи соли 2018 ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Комиссияи шаҳрӣ натиҷаҳои озмунҳоро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 1 сентябри соли 2018  ҷамъбаст намояд.

5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби  маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» - 30 000 (сӣ ҳазор) сомонӣ ва «Кӯчаи беҳтарин» -20 000 (бист ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

6. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи ободонӣ ва бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои дар рӯзҳои ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ ба ғолибони озмунҳо супоридани мукофоти пулӣ ва Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо зикри соли баргузории озмун, навиштаҷоти «Маҳаллаи беҳтарин» ё «Кӯчаи беҳтарин» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

7.   Раёсати иттилоот ва робитаҳои ҳориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад. 

 

                                                                                   Рустами Эмомалӣ