Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 Август 2018

Дар бораи ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ

Бо мақсади фаро расидани соли хониш, дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ, мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                       ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Аз 6 то 31 августи соли 2018 ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ҷойҳои зермуайяншуда ташкил ва ба роҳ монда шавад, аз ҷумла:

- дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назди маркази савдои «Меҳргон»;

- дар ноҳияи Шоҳмансур дар назди маркази савдои «Ёқут-2000»;

- дар ноҳияи Фирдавсӣ дар таввақуфгоҳи назди маркази савдои «Ганҷина»;

- дар ноҳияи Сино дар назди маркази савдои «Ёвар».

2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор иштироки фаъолонаи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватаниро дар ярмаркаҳои мазкур таъмин намуда, сифати махсулоти воридшударо назорат намоянд.

3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарӣ - эпидемиологии шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои зиддисӯхтор ва санитарӣ - эпидемиологиро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси ҳамаҷонибаи муҳтавои қарори мазкурро таввасути васоити ахбори омма ба роҳ монанд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа  гузошта шавад.

 

                                                                     Рустами  Эмомалӣ