Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 Август 2018

Дар бораи ташкил намудани ҷойҳои муваққатии забҳи чорво дар арафаи иди Қурбон

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 феврали соли 2018, №113 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2018» ва сазовор таҷлил намудани иди Қурбон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                                                                                          

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

1. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Душанбе ҷойҳои муваққатии забҳи чорворо дар арафаи иди Қурбон дар ҷойҳои зермуайяншуда, ташкил ва ба роҳ монанд, аз ҷумла:

- дар ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бинои ҶСП «Комбинати гӯшту консерва»-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Фучик, 4;

- дар ноҳияи Сино дар назди ҶДММ «Ангара», воқеъ дар маҳаллаи Роҳи нав;

- дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назди маҷмааи байторӣ, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ (дар назди МБГ-2);

- дар корхонаи замонавии забҳи чорвои ҶДММ «Ёвар-11», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ.

2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ҷалби раисони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо дарназардошти зичии аҳолии маҳаллаҳо, ҷойҳои муваққатии забҳи чорворо муқаррар ва тасдиқ намоянд.

3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии забҳи чорвои қурбонӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешад.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» ҷараёни иҷрои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

Рустами  Эмомалӣ