Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 Август 2018

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 426 мм, воқеъ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрорӣ                                                                         

Бо мақсади пайваст намудани қубури хобонидашудаи қутраш 426 мм ба қубури амалкунандаи қутраш 426 мм дар иншооти сохтмони «Зеристгоҳи барқии 110/35/10кВ Радиостансия» бо инобати муроҷиати ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» №3/10-7-145-2965-1 аз 31 июли соли 2018, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»    

                                            ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе», ҶДММ «Нури Шамс»  ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» барои муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 426 мм, воқеъ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрорӣ тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ; кӯчаҳои Ҳ.Аҳрорӣ, А.Командир, Шероз, Шевченко, Бухоро хонаҳои 1-28  ва Ҳ.Назаров  аз соати 23-00 рӯзи 08 августи соли 2018 то соати 24-00 рӯзи 09 августи   соли 2018 қатъ мегардад.

3. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

4. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор дихад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

   Рустами   Эмомалӣ