Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 Август 2018

ш. Душанбе.  09.08.2018.  Рӯзҳои 8-9 августи соли 2018, дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати инъикоси раванди рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, тарғиботи анъанаҳои дӯстии миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, шиносоӣ бо шароити зисти мардуми ӯзбектабор дар Тоҷикистон ҳайати рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз мавзеъҳои ҷолиби шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.

Ба ҳайати рӯзноманигорони кишвари ҳамсоя намояндагони илму фарҳанг, аҳли зиё, эҷодкорону қаламкашон, хабарнигорону наворбардорон аз шабакаҳои телевизонию радиоӣ, рӯзномаву маҷалла ва марказҳои хабарӣ шомил буданд.

Дар даромадгоҳи шимолии пойтахт меҳмононро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана истиқбол гирифтанд.

Зимни сафар дар шаҳри Душанбе меҳмонон аз мавзеъҳои ҷолиби пойтахт, аз ҷумла Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи Миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо осори илмию адабӣ ва фарҳангию таърихии тоҷикон шинос шуданд.

Ҳамзамон рӯзноманигорони ӯзбек аз Корхонаи истеҳсолии «Ноқили Талко» дидан намуда, бо ҷараёни истеҳсолот, навъҳои маҳсулот, таҷҳизоту хатти технологӣ ва дигар дастовардҳои корхона, аз ҷумла ҳамкориҳо бо дигар кишварҳо шинос шуданд.

Роҳу усулҳои муосири ташхису табобат ва дастгоҳу лавозимоти муссири тиббиро ба меҳмонон дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» муаррифӣ карданд. Таҷҳизоти ҳозиразамон ташхисиву муолиҷавӣ ва усули табобати гиёҳдармонӣ диққати рӯзноманигоронро бештар ҷалб намуда, аз мавҷудияти роҳҳои алтернативии табобатӣ изҳори хушнудӣ намуданд.

Дар доираи сафари худ ба шаҳри Душанбе ҳайати рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо осори таърихиву меъморӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар Мамнуъгоҳи фарҳангӣ-таърихии «Қалъаи Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор шинос шуданд.

Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Варзиш» ва шабакаи "Футбол" мароқ зоҳир намуда, дар толори Муассисаи давлатии «Академияи Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» бо ҳамкасбони худ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекситон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои гуногунҷанбаи миёни ду кишвари дӯсту бародар саҳифаи нав боз гардида, ҳамкориҳо миёни кишварҳо рӯ ба тараққӣ ниҳоданд.

Сафари рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе бо сайру сайёҳат дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Садриддин Айнӣ ба анҷом расид.

Маврид ба зикр аст, ки зимни боздид аз муассисаҳои илмию маърифатӣ ва таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионию радиоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мутахассисону коршиносони тоҷик мусоҳибаҳо анҷом дода, барои омода намудани барномаву гузоришҳои телевизионӣ наворҳои видеоиро сабт намуданд.