Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 February 2011

Тадбирҳои андешидаи шаҳрдории Душанбе ҷиҳати ғановати бозори истеъмолӣ ва дар сатҳи дастрас нигоҳ доштани  нархи маҳсулоти ниёзи аввалия  имрўзҳо самараи нек медиҳанд. Ҳамкориҳои иҷтимоӣ бо бахши соҳибкорӣ ва  директорони  бозорҳои дар ҳудуди марзии пойтахт фаъолияткунанда новбаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ва фаъолияти комиссияҳои депутатию ҷамъиятӣ оид ба пешбурди ҳамарўзаи мониторинги нарх дар бозорҳо боис мегарданд, ки дастрасии истеъмолкунандагон ба анвои маҳсулот таъмин гардад.

Новобаста аз ин мониторинги нарх дар бозорҳои пойтахтҳои кишварҳои ҳамҷавор шаҳодат медиҳанд, ки болоравии арзиши маҳсулот дар шаҳри Душанбе нисбати намудҳои алоҳидаи маҳсулоти ниёзи аввалия нигоҳ дошта мешаванд.

Таври мисол, 1 кг гўшти гов дар шаҳри Душанбе 22 сомонӣ, дар шаҳрҳои Боку- 37,5 сомонӣ, Ереван-28,8 сомонӣ, Остона- 28,6 сомонӣ, Бишкек-24,5 сомонӣ, Москва-34,2 сомонӣ, колбасаи ҷўшонидашудаи навъи якум дар шаҳри Душанбе -12,3 сомонӣ, дар шаҳрҳои Боку- 31,6 сомонӣ, Ереван-20,3 сомонӣ, Остона- 37,2 сомонӣ, Бишкек-19,1 сомонӣ, Москва-33,3 сомонӣ,  1 литр шир дар шаҳри Душанбе -4,3 сомонӣ, дар шаҳрҳои Боку- 8,9 сомонӣ, Остона- 4,5 сомонӣ, Москва-5,8 сомонӣ,  ё худ нархи як халта орди гандуми  навъи олӣ нисбат ба шаҳри Душанбе дар шаҳрҳои Ереван ва Боку -1,7 баробар, Москва -35,7%, Остона-24,3%, Бишкек -8,9% ва Минск -6,4%, нархи нони  аз орди гандуми навъи  олӣ тайёршуда нисбат ба Душанбе дар шаҳрҳои Москва 2,3 баробар, Остона-2 баробар, Минск ва Ереван-1,9 баробар ва Боку -23,4%, картошка нисбат ба Душанбе дар шаҳрҳои Москва 3,1 баробар, Боку -2,5 баробар, Минск ва Ереван-1,7 баробар ва Бишкек -37,5% , Остона – 45%, карам нисбат ба Душанбе дар шаҳрҳои Москва-2,8 баробар, Минс-2,3 баробар, Боку-2,2 баробар, Бишкек -48%, Остона-37,5% ва Ереван -22,5%, бехпиёз нисбат ба Душанбе дар шаҳрҳои Москва ва Ереван -2,4 баробар, Боку- 2,1 баробар, Минск-1,9 баробар, Остона-28% ва Бишкек-20%, сабзӣ нисбат ба Душанбе дар шаҳрҳои Москва -4 баробар, Боку- 3,4 баробар, Минск-2,3 баробар, Ереван- 2,1 баробар,  Остона-1,9 баробар ва  Бишкек -1,6 баробар ќимат мебошад.