Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 August 2018

ш.Душанбе. 14.08.2018. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои наву замонавии таълимӣ дар Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 шаҳри Душанбе мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Бинои нави таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорӣ ватанӣ Изатулло Давлатов сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тадрис дар бинои наву замонавӣ Раиси шаҳри Душанбе ба сифати корҳои анҷомдода шуда, баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки дар баробари корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф истифодаи воситаҳои муосири таълимӣ бояд роҳандозӣ гардад.

Раиси шаҳр ба масъулини дахлдори шаҳри Душанбе дастур доданд, ки бо дарназардошти рушду пешрафти ҷаҳони имрӯза тавассути гузаронидани таҳлилу омӯзиши амиқ, марҳила ба марҳила, тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт бо дастгоҳу таҷҳизоти таълимии ба талаботи замон ҷавобгӯ таъмин карда шаванд.

Иншоот аз бинои 3 ошёна ва 24 синфхонаи барҳаво барои 600 хонанда дар як баст, аз ҷумла синфхонаҳои махсуси фанҳои химия, физика, билогия, география, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таълими касбу ҳунарҳо, инчунин китобхона, ошхона ва толори варзишӣ иборат буда, масоҳати умумии он 9975 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар саҳни он бошад, майдонча барои дарси омодагии ҳарбӣ ва тарбияи ватанпарастии хонандагон бо тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст. Ҳамчунин синфхона барои таълими технологияҳои иттилоотӣ муҷаҳхаз бо 24 компютер, нурафкан ва лавҳаи электронӣ мавҷуд буда, барои таълими хонандагон бо технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки зимни сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ, махсусан интихоби мизу курсӣ фароҳам овардани шароити мусоиди омӯзиши хонандагон дар назар гирифта шавад.

Раиси шаҳр омӯзиши фанҳои дақиқ ва омода намудани мутахассисони баланихтисосро муҳим арзёбӣ намуда, дастур доданд, ки то оғози соли нави хониш синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо бо ашё ва лавозимоти зарурӣ пурра таъмин карда шаванд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ҳанӯз соли 1933 ба фаъолият шуруъ намуда, бо гузашти солҳои зиёд куҳнаю фарсуда гардида, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуд. Марҳилаи якуми корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли гузашта оғоз гардида, дар давоми 1 сол қисмати аввали он ба субут расонида шуд.  

Дар саҳни муассисаи таълимӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ диққати масъулини пойтахтро ба ороиш ва тарҳу намуди роҳрав, гулдонҳои сатҳӣ, хусусан ободонӣ ва кабдизоркунии майдони назди бинои таълимӣ ҷалб намуда, масъулини дахлдори пойтахтро муваззаф намуданд, ки дар баробари гулу майса, ҳамчунин ба шинондани дарахтони сояафкану ороишӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Раиси шаҳр таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, омода намудани мутахассисони варзидаи сатҳи байналмилалӣ, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарстӣ, инчунин эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва давлатиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе маънидод намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

 Иншооти мазкур қисмати аввали сохтмони Муассисаи таълимии мазкур буда, анҷоми марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ ва дар маҷмӯъ муассиса соли 2019 дар назар дошта шудааст.