Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 August 2018

ш.Душанбе. 15.08.2018.  Имрӯз дар вазъияти тантанавӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни бонувони вазорату идора, кумитаву муассиса ва ташкилоту сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар расми ифтитоҳи мусобиқаи волейболбозон муовини Раиси шаҳри Душанбе  Мавсума Муинӣ номаи шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба унвони иштирокчиёни мусобиқа расонид.  

Дар мусобиқаи мазкур 22 даста дар 4 гурӯҳ байни худ рақобат менамоянд.

Мусобиқа аз 15 август то 8 сентябри соли 2018 дар толори Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ" ҷараён мегирад.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа "Ҷом", диплом ва туҳфаҳои моливу пулӣ ва хотиравии Раиси шаҳри Душанбе тақдим мегардад.

Мусобиқа бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе" баргузор мегардад.