Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 August 2018

Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиши намуди волейбол байни бонувон, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» 

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

 

   1. Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ”- и Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”-и шаҳри Душанбе аз 16 август то 8 сентябри соли 2018 баргузор карда шавад.

   2. Ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқа тибқи замимаҳои № 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

     3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби     маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимагардида маблағи 40000 (чил ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

   4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ» дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо кумитаи тадорукот, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, барои даъват ва ҷалби дастаҳои волейболи бонувони вазорату идораҳо ва раёсату муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

   5. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ”, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқа чораҳои зарурӣ андешанд.

   6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи  «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути воситаи ахбори омма таъмин намоянд.

    7.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

 

            Рустами  Эмомалӣ