Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 August 2018

Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 - 2020

Бо мақсади иҷрои банди 2 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №80 “Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 -2020”, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

                                     

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 – 2020 ва Нақша чорабиниҳои татбиқи он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.

2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур дар соли 2018 67 000 (шасту ҳафт ҳазор) сомонӣ ва дар таҳия буҷети солҳои минбаъда, маблағи заруриро дар буҷети шаҳри Душанбе пешбинӣ намояд.

3. Роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту идораҳои алоқаманд иҷрои Барномаи мазкурро таъмин намоянд.

4. Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 – 2020 муқаррар карда шуда, ҳар нимсола доир ба корҳои анҷомшуда гузориши муфассал манзур намояд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                           Рустами Эмомалӣ