Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 August 2018

ш. Душанбе.  28.08.2018.  Имрӯз дар арафаи оғози соли нави хониши 2018-2019 ва бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-и ноҳияи Шоҳмансур оғози расмӣ бахшиданд.                

Зимни муаррифии лоиҳа ба Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар масоҳати беш аз 6000 метри мураббаъ доман паҳн намуда, аз бинои зебову хуштарҳи чаҳорошёна иборат хоҳад буд.

Тибқи иттилои масъулин бинои нави мактаб аз 39 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои махсусгардонидашуда барои фанҳои дақиқ, синфхонаҳои компютерӣ, таълими меҳнат ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин толори барҳавои варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 420 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона бо 220 ҷойи нишаст ва иншооти дигари ёрирасон иборат буда, барои 860 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. 

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъалаи тарҳу намуди лоиҳа таваҷҷуҳ намуда, ҷиҳати ба талаботи шаҳрсозӣ ва стандартҳои муассисаҳои таълимӣ ҷавобгӯ будани намуди берунаи бино ба лоиҳакашон ва масъулини дахлдори шаҳр маслиҳатҳои муфид доданд.

Фармоишгари лоиҳа ҶДММ «Ёқут-2000» буда, он аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Меъморӣ ва Шаҳрсозӣ» тарҳрезӣ шудааст. Бинои наву замонавии МТМУ №65 аз ҷониби соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 1 сол сохта,  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулини дахлдори пойтахт ҷиҳати сари вақт ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Аз ҷумла таъкид намуданд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ бояд то арафаи соли хониши 2019-2020 сохта барои баҳрабардорӣ омода карда шавад, то хонандагони ин даргоҳи илму маърифат таҳсили худро дар шароити муосиру замонавӣ идома диҳанд.

Ҳамчунин роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр муваззаф гардиданд, ки сифати корҳо ва масолеҳи сохтмонии истифодашавандаро ба таври ҷиддӣ таҳти назорат қарор диҳанд.

Пас аз шиносоӣ бо гузоштани санги асос Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонии ин даргоҳи маърифат оғози расмӣ бахшиданд.

Муассисаи таълимии мазкур ҳанӯз соли 1955 барои 360 хонанда дар ду баст сохта шуда буд. Вале дар он 570 нафар хонанда таҳсил мекунад.

Бо инобати ҳолати кунунӣ ва шароити таълиму тарбия, ҳамчунин талаботи афзояндаи аҳолӣ тайи солҳои охир дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин гӯшаи шаҳр мактаби наву замонавӣ бунёд мегардад.

Пас аз ба истифода супурдани бинои нави таълимӣ барои 1720 нафар хонанда дар ду баст шароити муосири таълиму таҳсил фароҳам оварда мешавад.