Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 September 2018

Бо қарори Раиси шањри Душанбе аз 4 сентябри соли 2018, №600 Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба «Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ»-и мақомоти иҷроияи њокимияти давлатии шаҳри Душанбе иваз карда шуд.

Ном ва матни қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 октябри соли 2017, №639 «Дар бораи тасдиқ намудани Оиннома, фонди музди меҳнати роҳбарият, басти воҳидҳои корӣ ва музди меҳнати кормандон, Низомнома дар бораи ҳавасмандгардонии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутобиқи сархати якум тағйир дода шуд.