Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 Сентябрь 2018

ш. Душанбе. 05.09.2018. Шоми 5 сентябри соли 2018 ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолитяи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ", ки ба макони дилфиреби сайру тамошо табдил ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.     

Корҳои бунёдӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии Восеъ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, дар муддати камтар аз як соли пурра ба анҷом расонида шуд ва бо назардошти талаботи замони муосир дар ҳудуди иншооти мазкур ниҳоли дарахтони нодири сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуданд 

Боғи мазкур дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиеви шаҳраки 102-юм дар асоси гулгашти мавҷуда бунёд гардида, масоҳати умумии он ҳудуди беш аз 4 гектарро ташкил медиҳад.

Қаблан, ин мавзеъ дар ҳолати на он қадар хуби беҳдоштӣ қарор дошта, дар баробари бетартибона рӯидани дарахтон ва алафу буттаҳо, ба партовгоҳ табдил ёфта буд. Пас аз анҷоми корҳои ободонию созандагӣ он ба яке аз ҷойҳои дидании шаҳр ва мавзеъҳои истироҳату фароғати сокинон мубаддал гаштааст.

Зимни шиносоӣ бо маркази нави фарҳангию фароғатие, ки дар ин гӯшаи пойтахт ташкил шудааст, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тарҳу намуд ва сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, ба бунёдкорон ва ташаббускорони ин тадбири ободонӣ арзи сипос намуданд. Ҳамчунин масъулини ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо барои нигоҳубин ва ҳамеша дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он муваззаф карданд.

Тибқи лоиҳа дар боғи навбунёд 4 адад атраксионҳо барои дилхӯшии кӯдакон, суҳбатҷойҳо, 1 адад фаввора бо чароғакҳои рангаи ороишӣ, қаҳвахонаи муосир, майдончаи универсалии варзишӣ ва гӯшаҳои муҷаҳҳази машқу тамрини бадан бунёд карда шудааст. Баҳри сайругашт ва истироҳату фарогати сокинону меҳмонон бошад, дар масоҳати бештар аз 6000 метри мураббаъ роҳравҳо бунёд гардида, ҳудуди он бо беш аз 22000 гулҳои ороишӣ зиннат дода шудааст. Ҳамчунин зимни бунёди боғ беш аз 3500 адад дарахтони ороишию сояафкан   шинонида шуданд. Боғи мазкур бо дарназардошти эҳтиёҷоти ҳамаи табақаҳои ҷомеа бунёд гардида, дар ин робита тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.   

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулини сохторҳои марбутаи шаҳр ҷиҳати нигоҳубин ва таъмини нашъунамои хуби дарахтон дастур доданд.

Ҳамчуни масъулин муваззаф гардиданд, ки баҳри дар ҳудуди боғ насб намудани аломатҳои ишоркунанда ва насби хатти радиошунавонӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Пас аз бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатии Восеъ ин мавзеъи шаҳр ба худ намои дилнишин ва зебову назаррабо касб намуда, барои сайру сайёҳат ва истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити хуб фароҳам оварда шуд.