«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 Сентябрь 2018

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлил аз 27-умин солгарди Истиқлолитяи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 6-ум, 7-ум ва 8-уми сентябри соли ҷорӣ аз соати 17.00 то 20.00 дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии Кӯли ҷавонон» намоиши варзиши обии «Флайборд» баргузор карда мешавад.

Ин намуди варзиш бори аввал дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, баҳри муаррифии он варзишгарони варзидаи сатҳи байналмилалӣ аз Федератсияи Россия даъват шудаанд.

Даромад ба чорабинӣ ройгон ба роҳ монда шудааст.