Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 February 2011

Мутобиқ ба анъанаи ҷойдошта ва татбиқи амалии сиёсати Сарвари давлат оид ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои алоҳидаи эҳтиёҷманд ба ифтихори таҷлили нахустин Наврўзи байналмилалӣ дар пойтахт Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси Қарорҳои дахлдори худ 4000 нафарро бо кўмакпулиҳои якдафъина сарфароз гардонид.

Бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои  озоди буҷети шаҳр ва фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе   1347550 (як миллиону сесаду чилу ҳафт ҳазору пансаду панҷоҳ ) сомонӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо карда шуд..

Тибқи ин иқдоми шаҳрдорӣ ба 222 нафар иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941-1945  ба андозаи 500 сомонӣ,  ба 156 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар акибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида ба ҳар кадоме 400 сомонӣ, 451 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, 3 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, 115 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афѓонистон), 160 нафар маъюбони рафъи садамаи нерўгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, 246 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, 7  нафар  ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида ва 769 нафар оилаҳои шаҳри Душанбе, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюб зиндагӣ  мекунад ба ҳар кадом ба андозаи 350 сомонӣ   ва  ба ифтихори Рўзи модар ба 1871 нафар занон- роҳрўбони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт ба ҳар кадоме 300 сомонӣ кўмакпулии яквақта дода мешавад.

Дар ин росто муовини якум ва муовинони  Раиси шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳр  вазифадор гардидаанд, ки маблаѓҳои мазкурро ба категорияҳои зикргардида, пеш аз ҳама бо  аёдати шахсӣ  ба  иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941-1945 дастрас намоянд.