Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 Сентябрь 2018

ш.Душанбе. 07.09.2018. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе баргузории як силсила чорабиниҳои идона ба нақша гирифта шудааст.

Шоми 8-уми сентябр соати 18:00 дар чор ноҳияи шаҳр --  Шоҳмансур дар майдони 800 солагии Москва (назди  Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ), Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Фирдавсӣ дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ва Сино дар Майдони Сино(назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба ифтихори Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барномаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ доир мешаванд.

Шоми 9-уми сентябр бахшида ба ин санаи пурифтихор дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши театрикунонидашуда таҳти унвони "Тантанаи Истиқлол"баргузор мегардад.

Намоиш як навъ таҷассуми бадеии талошҳои ҷоннисоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо халқи шарафманди тоҷик ба хотири таҳкими истиқлолияту озодӣ, сулҳу суботу ваҳдати миллӣ, таъмини муваффақонаи ҳадафҳои стратегӣ дар пешрафти иқтисоди кишвар ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудани Тоҷикистони азиз ба шумор меравад.

Рӯзҳои 8 - 9 сентябр дар тамоми боғҳои фарҳангӣ - фароғатии пойтахт сайру гашти идона ва барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ баргузор мегарданд.

Рӯзи 10 сентябр ба муносибати 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" бо иштироки варзишгарон ва паҳлавонони номии кишвар мусобиқаи гӯштингирӣ доир мешавад.

Қабл аз мусобиқа даври ниҳоии фестивали намудҳои миллии варзиш ҷамъбаст мегардад.

Рӯзи 15 сентябр бошад, соати 1500 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад