Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 Сентябрь 2018

Бо мақсади натиҷабахшии озмуни беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирон Низомиддин Алишери Навоӣ ва Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-и шаҳри Душанбе, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 апрели соли 2018, №264 «Дар бораи эълони озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирон дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» бо инобати протоколи комиссияи озмунӣ аз 19 июни соли 2018, лоиҳаи муаллиф Ҷӯраев Ғафур бо рамзи «Субҳ» ғолиби озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ барои таҳияи беҳтарин пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» эълон карда шуд.