Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 Сентябрь 2018

ш. Душанбе. 14.09.2018. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 27-солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар мавзӯи «Рушди ҳунармандӣ дар оила омили саодату пойдории он» Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Қабл аз оғози кори конференсияи илмӣ - амалӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, дар доираи "Дастурамали тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" сару либоси миллӣ ва расмӣ пешниҳод карда шуд.

Кори конференсияро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба аҳамияти истиқлолият дар рушду пешрафти кишвар, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагонии мардум ва эҳёи ҳунар ва анъанаҳои миллии миллати тоҷик суханронӣ намуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш оид ба мавзӯҳои гуногуни рушди ҳунар ва аҳамияти он дар пешрафти ҷомеа, аз ҷумла «Коркарди сангҳои ороишӣ ва ранга дар шароити хона яке аз самтҳои перспективӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ», «Ҳунарҳои мардумӣ-тарғибгари фарҳанги миллӣ», «Рушди ҳунарҳои мардумӣ-асоси рифоҳи иқтисодии оила» ва ғайра маърӯзаҳо пешниҳод карда шуданд.

Иштирокдорони чорабинӣ баргузор намудани чунин як ҳамоиши илмӣ-амалиро дар самти эҳё ва оммавӣ гардонидани ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби оилаҳо ба ҳунарҳои дастӣ ва ғанӣ гардонидани иқтисодиёти ҳар як оила аз ҳисоби ҳунармандӣ маънидод намуданд.

Дар фарҷоми конференсия миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.