«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 September 2018

Дар бораи тарифҳои хизматрасониҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовобҳо дар КВД «Обу корези Душанбе» 

 

Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовобҳо, амалӣ намудани татбиқи барномаҳои таҷдид ва азнавсозии шабакаҳои муҳандисӣ, таъмини шаффофият ва танзими муносибатҳо дар пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, беҳтаргардонии фаъолияти молиявию иқтисодӣ ва тадбирҳои ба пуррагӣ пӯшонидани хароҷоти ба истеҳсолу хизматрасонӣ сарфшуда, инчунин пешгирӣ аз нишондиҳандаҳои манфии молиявӣ ва таъмини рушди Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», мувофиқ ба Созишномаи молиявӣ барои Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосиатсияи байналмиллаи рушд аз 7 августи соли 2015 (Қарзи №5709-TJ ва Гранти №D087-TJ) ва Созишномаи зерқарзӣ ва грантӣ аз 30 декабри 2015 (№TAJ 2015-012 (КВД «ОКД»-035)), бо дарназардошти хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 7 сентябри соли 2018, №220/5/5, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ», моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва моддаҳои 7 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ҳаққи хизматрасониҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовобҳоро тибқи нархномаҳои замимагардидаи 1 ва 2, ки бо шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мувофиқа гардидааст, барои аҳолӣ ва ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ аз 15 октябри соли 2018 ва барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз 1 январи соли 2019 ба роҳ монад.

2. Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» барои беҳбуд бахшидан ба вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, кам намудани талафоти об ва қарзҳои дебиторӣ, дар таҳрири нав бастани шартномаҳои хизматрасонӣ бо муштариёнро вобаста ба тағйироти баамаломада дар нархҳои хизматрасонӣ, беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва наздик намудани робита бо муштариён ҷиҳати пардохти пурраву саривақтии ҳақки хизматрасониҳо, коркарду амалӣ намудани усулҳои наву замонавии пардохти ҳаққи хизматрасониҳо, насб намудани ҳисобкунакҳои обӣ, инчунин чораҳои зарурии ивазнамоии қубурҳои фарсудашудаву ба сатҳи корношоямӣ расидаро дар доираи нақша чорабиниҳои алоҳидаи корхона роҳандозӣ намояд.

3. Ба инобат гирифта шавад, ки: 

- корхона насби ҳисобкунакҳои обиро то охири соли 2018 ба 55 фоиз, то аввали моҳи майи соли 2019 то 70 фоиз ва то моҳи ноябри соли 2019 ба беш аз 85 фоиз таъмин намуда, ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолиро аз рӯи нишондоди ҳисобкунакҳои обӣ, ки сарфи воқеии оби истеъмолшуда ва қабули рафъи партовоб аз тарафи муштариёнро  нишон медиҳад, ба роҳ монад;

- корхона бо таҳияи барнома ва ҷадвали муайян ва дар доираи таҳлили истифодабарии муҳлати қубурҳои интиқолдиҳандаи обу корезии шабакаҳои муҳандисӣ, ҳарсола ивазнамоӣ ва азнавсозии онҳоро танҳо аз ҳисоби маблағҳои корхона то 5 фоиз ва дар сурати истифодаи лоиҳаҳои маблағгузоришавандаи хориҷӣ ва дигар манбаъҳои дохилӣ то ба 10 фоиз ба иҷро расонад;

- корхона минбаъд ҷалби маблағҳои инвеститсиониро бо назардошти хусусияти грантӣ доштан дар мувофиқа бо муассис ва тавассути сохторҳои ваколатдор ба назар гирифта, то ҳадди имкон аз дарёфти маблағгузориҳои ҷудошавандаи қарзии бо асъори хориҷиву фоиздор худдорӣ намуда, фаъолияти хоҷагидории корхонаро аз ҳисоби даромади худии корхона ба таври сарфакорона таъмин намояд.

4. Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бобати назорати талабот дар самти беҳтарсозии сифати хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовобҳо чораҳои зарурӣ андешад.

5. Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе меъёрҳои ҳисобкунӣ ва ҷамъоварии ҳаққи хизматрасониҳоро дар Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва иҷрои вазифаҳои ба риояи талаботи қонунгузории соҳаи зиддиинҳисорӣ марбутбударо таҳти назорат қарор дода, оид ба раванди ноилшавӣ ба ҳадафҳои асосии тағйрёбии нархҳои хизматрасонӣ ва натиҷаи нишондиҳандаҳои иқтисодиву молиявӣ ҳар шашмоҳа гузориш пешниҳод намояд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва рафти иҷрои онро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.  

                                                                              Рустами   Эмомалӣ

 

 

                                                      Замимаи 1

ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 сентябри соли 2018 , №625 тасдиқ шудааст

 

 

 

Нархномаи пешниҳодшавандаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ дар КВД "Обу корези Душанбе"

 

Р/Т

Номгӯи истеъмолкунандагон

Тариф ба 1м³ оби нӯшокӣ (бе назардошти ААИ) ба қисоби сомонӣ

1

Аҳолӣ1,2

0,49

2

Ташкилотҳои буҷавӣ

1,55

3

Ташкилотҳои тиҷоратӣ

3,75

4

Сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва намояндагиҳои дипломатии давлатҳои муқими шаҳри Душанбе

3,75

5

Маркази гарму барқдиҳии 1 ва 2 - и шаҳри Душанбе3

1,35

 

 

Эзоҳ: 1. Тариф барои аҳолӣ, ки дар хонаҳои истиқоматиашон ҳисобкунанкҳои обӣ насб нагардидааст, тибқи меъёрҳои хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ амалӣ мегардад.

 

 2. Тариф барои аҳолӣ, ки дар хонаҳои истиқоматиашон ҳисобкунакҳои обӣ насб гардидааст, аз рӯи ҳаҷми нишондоди ҳисобкунакҳои обӣ зарби тариф барои 1м³ ва зарби коэффитсиенти 3,0 (се) амалӣ мегардад.

     3. Тарифи 1,35 сомонӣ ба Маркази гарму барқдиҳии 1 ва 2-и шаҳри Душанбе фақат барои обҳое, ки муштариён истифода мебаранд ҳисоб карда мешавад. Барои эҳтиёҷоти хоҷагии корхона бо тарифи 3,75 сомонӣ ҳисоб карда мешавад.

 

 

                                                                                                               Замимаи 2

    ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 сентябри соли 2018 , №625 

    тасдиқ шудааст

 

 

 

Нархномаи пешниҳодшавандаи хизматрасонии қабули рафъи партовобҳо дар КВД "Обу корези Душанбе"

 

Р/Т

Номгӯи истеъмолкунандагон

Тариф ба 1м³ рафъи партовобҳо (бе назардошти ААИ) ба ҳисоби сомонӣ

1

Аҳолӣ1,2

0,17

2

Ташкилотҳои буҷавӣ

0,70

3

Ташкилотҳои тиҷоратӣ

1,95

4

Сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва намояндагиҳои дипломатии давлатҳои муқими шаҳри Душанбе

1,95

 

 

Эзоҳ:    1. Тариф барои аҳолӣ, ки дар хонаҳои истиқоматиашон ҳисобкунакҳои обӣ насб нагардидааст, тибқи меъёрҳои хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ амалӣ мегардад.

 

 

         2. Тариф барои аҳолӣ, ки дар хонаҳои истиқоматиашон ҳисобкунакҳои обӣ насб гардидааст, аз рӯи ҳаҷми нишондоди ҳисобкунакҳои обӣ зарби тариф барои 1м³ ва зарби коэффитсиенти 3,0 (се) амалӣ мегардад.