Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 March 2011

7 марти соли соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи корӣ оид ба баррасии масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр доир гардид.

Дар ҷаласа  бо таъкиди назорати қатъии иҷрои тадбирҳои аз ҷониби шаҳрдорӣ оид ба ғановати бозори истеъмолӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон роҳандозигаридида, аз тарафи масъулини соҳа,  М. Убайдуллоев, афзуд, ки дар идомаи чораҳои мусоидаткунанда бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 144 аз 3 марти соли 2011 баҳри харидории шаш номгӯи асосии маҳсулоти ниёзи аввалияи кишварзию агросаноатӣ (гӯшт, картошка, пиёз, орд, равғани растанӣ, биринҷ)   ба КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ 4 миллион сомонӣ қарзи бефоиз бо мӯҳлати баргардонидани он то 1 декабри соли 2011 ҷудо намуд.  Дар ин зимн муқаррар карда шуд, ки маблағҳои чиниши яквақта ва кору хизматрасониҳоро, ки ба суратҳисоби ҷории бозорҳо ворид мегарданд, роҳбарияти бозорҳои коммуналӣ ба харидорӣ намудани дигар маҳсулотҳои аввалиндараҷаи ниёзи мардум, аз қабили сабзӣ, карам, гандум, помидору бодиринг, шир, тухм ва махсулоти полезӣ сафарбар намуда, бо   ин мақсад шартномаҳои пешакиро бобати хариди маҳсулоти кишварзӣ бо хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва дигар сохторҳои кишоварзӣ  бо назардошти то 20% пешпардохти маблағҳо ба имзо расонанд ва ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои ёрирасон барои гирифтани қитъаи замин аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Инчунин дар ҷаласа масоили ҳолати истифодабарии ҷойҳои ҷамъиятии замонавии бисёрошёна барои ғолибони озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» дар асоси Қарорҳои Раиси шаҳр аз ҳисоби буҷет сохта, барои хизматрасонӣ ва рушди маҳалла ба  сокинон тӯҳфашаванда, баррасӣ гардида, дастур гашт, ки ҷиҳати ба низом овардани фаъолияти минбаъдаи онҳо сохтори дахлдори давлатӣ таъсис дода шавад. Бо ин мақсад ба масъулин супориш гардид, ки дар мӯҳлати ду ҳафта пешниҳодот ироа созанд.

Ҳамзамон аз ҷониби Раиси шаҳр масоили татбиқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба ободонию ниҳолшинонӣ ва ҷалби потенсиали ҷамоатчигӣ дар маъракаи мазкур, пешгирии бемувофиқаи шаҳрдорӣ, хилофи тартиби ҷойдошта, худсарона даст задани сокинон ба бурридани дарахтон дар ҳудуди шаҳр матраҳ гардида, дар назди масъулин қатъиян вазифа гузошта шуд, ки холати мавҷударо зери назорат гирифта, дар сурати пешомади зарурат ва муроҷиати шаҳрвандон ҳалли онҳоро бо хулосаи комиссияҳои дахлдор дар асоси Қарори Раиси шаҳр таъмин созанд.

Бобати таъмини муассисаҳои системаи маорифи шаҳр бо маҳсулоти ғизои хушсифат, зикр намуд, ки фаъолияти ташкилоти хизматрасони «Хӯроки умумӣ»-и назди КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» мавриди санҷиш қарор гирифта, дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати мувофиқ ба талаботи рӯзмарра роҳандозии хизматрасонии он, таклифоти мушаххас манзур карда шавад.

Дар ҷаласа инчунин масоили ҷараёни азхудкунии маблағҳои буҷетӣ дар иншооти сохтмоншавандаи гуногунтаъиноти шаҳрӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги ҷашнӣ, демонтажсозии бозори «Баракат» ва дигар лоиҳаҳои сохтмонии ба мувофиқаи шаҳрдорӣ  пешниҳодшуда, баррасӣ карда шуданд.