Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 September 2018

Дар бораи  номгузорӣ  намудани гулгашти  хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба «Боғи  ба номи Аҳмади Дониш»                                                                                 

Бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017, №212 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 779  Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон

           ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Гулгашти хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар қитъаи замини 2,85 гектар  ба «Боғи ба номи Аҳмади Дониш» номгузорӣ карда шавад.

2. «Боғи ба номи Аҳмади Дониш» дар масоҳати 2,85 гектар ба мувозинати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе–сарпарасти соҳа ва раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ якҷо бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи боғи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад. 

                                                                                                   

                                                                                  Рустами  Эмомалӣ