Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 March 2011

Мулоқотҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи аввалин сафари ҳайати парламентии Тоҷикистон ба парламенти Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ нимаи дуюми моҳи ноябри сол 2010 анҷомгирифта ба рушди муносибатҳои байнипарламентӣ ва робитаҳои ҳукуматӣ  низ самараи нек медиҳанд.

 Тавре Спикери Палати Обшин ҷаноби Ҷон Берков дар номаи худ унвонии Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид медорад, мавсуф аз ирсол намудани рӯйхати соҳаҳои афзалиятноки ҳамкории миёни Тоҷикистону   Британияи Кабир ба вазирони дахлдори кишвараш сарфароз буда, тасмимҳо роҳандозӣ хоҳанд гашт, ки ҳадафҳои дар сафар ва зимни мулоқот пайгиришуда: баимзорасонии Созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию илмӣ-техникӣ, қадргардонӣ ва ҳимояи дуҷонибаи сармоя, парҳез намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва сармоя, дастёб гарданд.