Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 October 2018

ш.Душанбе. 01.10.2018. Ҳамасола санаи 1 октябр дар мамлакат тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи куҳансолон таҷлил мегардад.

Бахшида ба ин сана бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии «Театри тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов»-и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз...» баргузор гардид.

Дар ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода суханронӣ намуда, аз таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат, хоса Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати пиронсолону кӯҳансолон ёдовар шуданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур қабл аз ҳама арҷ гузоштан ба  анъанаҳои неки фарҳангӣ миллӣ, эҳтироми хоса ба калонсолону пиронсолон, тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносиву ватандорӣ мебошад.

Дар ҷараёни ҳамоиш зикр гардид, ки ҷиҳати беҳдошти зиндагии ашхоси кӯҳансол барномаҳои махсус таҳия ва қабул гардида, ҳамасола дар самти беҳдошти кору зиндагии онҳо чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ мешаванд.

Барои фаъолияти пурсамар дар самти кор бо кӯҳансолон як зумра сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мукофоту тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Дар чорабинӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи ин табақаи ҷомеа намоиши театрикунонидашуда таҳти унвони "Ватандор" пешниҳод карда шуд.

Ҷамъомад бо тақдими дастагули мусиқӣ иборат аз созу навои устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.