Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 October 2018

Дар бораи таъсис додани Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2015, №564 «Дар бораи таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2018, №555 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

                                                          

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, Низомнома ва ҳайати он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ба фаъолияти самарабахши Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусоидат намоянд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», «Рӯзномаи Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ таъмин намоянд.

4. Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 ноябри соли 2015, №519 “Дар бораи таъсиси Шӯрои шаҳрӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Раиси шаҳри Душанбе” аз эътибор соқит карда шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                Рустами Эмомалӣ