«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 October 2018

Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо

Бо мақсади ҳавасмандиву дастгирии модии ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо, ба омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

                                         

                                                 ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе тибқи рӯйхати замимагардида ба тартиби зерин ҳавасманд гардонида шаванд:

- ғолибони ҷойҳои якум ба маблағи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ;

- ғолибони ҷойҳои дуюм ба маблағи 1000 (як ҳазор) сомонӣ;

- ғолибони ҷойҳои сеюм ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ).

2. Омӯзгороне, ки ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявиро аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе омода намуданд, тибқи рӯйхати замимагардида ҳар кадоме ба маблағи 2000 (ду ҳазор) сомонӣ ҳавасманд гардонида шаванд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва омӯзгорони онҳо 176500 (як саду ҳафтоду шаш ҳазору панҷсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардида ҷудо намояд.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани маросими ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва омӯзгорони онҳо тадбирҳои амалӣ андешанд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мауссисаҳои давлатии "Телевизиони Душанбе", рӯзномаи "Паёми Душанбе" қарори мазкурро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                         

                                                                                     Рустами Эмомалӣ