Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 Октябрь 2018

ш. Душанбе. 05.06.2018.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва илмӣ-назариявӣ баргузор гардиданд.

Рӯзи забони давлатӣ дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил гардида, ба ин муносибат дар мавзеъҳои фарҳангию фароғатии шаҳр чорабиниҳои гуногун созмон дода шуданд.

Аз ҷумла, ба ифтихори ин санаи  таърихи давлатдории навини тоҷикон дар Китобхонаи муосири пойтахт ва Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳр конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Забон-омили асосии пойдории миллат» доир шуд, ки дар кори он олимону мутахассисони соҳи забоншиносӣ, коршиносон ва аҳли адаб доир ба паҳлӯҳои гуногуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти забон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша намуданд.

Аз ҷумлаи чорабиниҳои дигар ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории намоиши китоб дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ буд. Дар намоиш китобу таълифоти гуногун доир ба забони тоҷикӣ, асарҳои адибону шоирон, адабиёти бадеӣ ва осори гаронбаҳои аҳли илму адаби тоҷик ба маъраз гузошта шуда буд.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ   тантанаҳои идона ва сайру гашти оммавии мардум ташкил карда шуд.

Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо сухани муқаддамотӣ ифтитоҳ намуда, паёми табрикотии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштиокдорон ва дар симои онҳо ба тамоми мардуми пойтахт расонид.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар давраҳои гуногуни таърих забони тоҷикӣ нишонаи асосии ҳастии миллат ва воситаи муҳимтарини ҳифзу нигоҳдошти осори пурғановат ва фарҳангу тамаддуни бойу рангини тоҷикон ба шумор меравад.

Бо дарки аҳамияти ва арзиши забони давлатӣ соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид карда шуд.

Ин санаи пурифтихор ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат бо рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ таҷлил мегардад.

Барномаи ҳунарии иборат аз дастагули мусиқии устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони пойтахт таҷлили ин санаи муҳимми таърихиро барои сокинону меҳмонони Душанбешаҳр боз ҳам ҷолибу ҷазоб намуд.