Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 Октябрь 2018

 ш. Душанбе. 06.10.2018.  Имрӯз дар толори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи омӯзгор ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Дар ҷамъомад намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, собиқадорони соҳаи маориф ва хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок доштанд.

Намояндагони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми кормандони соҳаи маорифи пойтахтро ба муносибати иди касбиашон табрику таҳният гуфтанд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки устоду омӯзгор дар ҳамаи давру замонҳо нерӯи ҳифзкунандаи забон ва пешбарандаи саводу маърифат буда, сарфи назар аз ҳар гуна мушкилот, ин масъулияти пуршарафи хешро сарбаландона иҷро менамояд.

Давлату ҳукумати мамлакат, шахсан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро ҳамеша аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ қарор дода, барои татбиқи амалии он ва таъмин намудани шароити ҳарчӣ беҳтар барои омӯзгорон ва наслҳои наврас ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Тавассути тадбирандешиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду пешрафти соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои насли наврас ҳамасола дар шаҳри Душанбе иншооти наву замонавии соҳаи маориф бунёд гардида, иншооти мавҷуда мутобиқ ба замони мусоир таъмиру тармим карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки дар давраи то якуми сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе сохтмон, таъмиру таҷдид ва лоиҳакашии 21 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ оғоз гашта, дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода супорида мешаванд.

Иштирокчиёни ҳамоиш нақши омӯзгорро дар таълиму тарбияи насли оянда ва ба воя расонидани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар бениҳоят бузург арзёбӣ намуданд.

Дар ҷамъомад маросими ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳурявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва қадрдонии омӯзгорони онҳо баргузор шуд.

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ба 37 нафар ғолибони ҷои 1-уми олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ба ҳар нафар 1500 сомонӣ,  34 нафар ғолибони ҷойи 2-юм ба ҳар нафар 1000 сомонӣ ва 29 нафар ғолибони ҷойи 3-юм ба ҳар нафар 500 сомонӣ дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.

Дар баробари ин, 28 нафар омӯзгороне, ки бевосита дар таълим ва омода намудани ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе саҳм гузоштаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми ҳар нафар 2000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бо ин мақсад тибқи қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардида 176500 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Чорабинии тантанавии идона ба муносибати Рӯзи омӯзгор бо баргузории барномаи рангини фарҳангӣ-фарогатӣ, ки аз рақсу суруд ва навоҳои дилнишин иборат буд идома ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 8508 нафар омӯзгорону устодон ба таълиму тарбияи 190 ҳазору 621 нафар хонандагон  машғул мебошанд.