Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 Октябрь 2018

ш. Душанбе. 06.10.2018. Ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаб-интернати 1-и шаҳри Душанбе чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ дар баробари намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳбарият ва омӯзгорону хонандагони мактаб-интернатҳои пойтахт иштирок намуданд.

Чорабинии идона ба муносибати Рузи омӯзгорро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба тамоми омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қироат намуд.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки саҳми омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар ва ба воя расонидани ҳар як нафар хамчун шахси комили ҷомеа басо бузург буда, тавассути заҳмату талош ва меҳнати софдилонаи онҳо фарзандони баруманди миллат, ки баҳри рушду пешрафти он хизматҳои шоиста мекунанд, ба воя мерасанд.

Инчунин таъкид гардид, ки рушди соҳаи маорифи кишвар, ба хусус фароҳам овардани шароити шоистаи кору фаъолияти омӯзгорон таҳти таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Тадриҷан баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгор дар мамлакат аз зумраи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани шароити шоистаи зисту зиндагонӣ ва кору фаъолияти онҳо мебошад.

Ба устодону омӯзгорон ва хонандагони фаъол дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои таъсисдодаи Раиси шаҳри Душанбе ҳамчун армуғони идона тақдим гардид.

Дар идомаи чорабинии идона баҳри болидахотирии иштирокчиёни ҳамоиш барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ пешниҳод карда шуд.