Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 Октябрь 2018

ш.Душанбе. 08.10.2018.  Президенти Федератсияи футболи      Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар Чемпионати Осиё-2018 арзи сипос намуд. Дар Чемпионати Осиё-2018 миёни наврасон, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар кишвари Малайзия доир гашт, дастаи мунтахаби кишвари мо на танҳо медалҳои нуқра, ҳамчунин роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17) дар Перуро ба даст овард.

                        

«Ба дастаи наврасони Тоҷикистон барои натиҷаи беҳтаринашон, ки дар Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия нишон доданд, изҳори сипос менамоям. Бачаҳои мо бозии олӣ нишон доданд ва барандаи медалҳои нуқра шуданд! Даста тавоноии худро на танҳо дар даври гурӯҳӣ, ҳамчунин дар даврҳои плей-офф ба муқобили беҳтарин дастаҳои Осиё, мисли Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония нишон дод. Дар бозии финалӣ муқобили дастаи Япония имконияти дастаи наврасони мо камтар буд. Вале бозингарон аз тамоми имконияташон то охир истифода бурданд, то сонияҳои охирин талош карданд ва ба мо эҳсоси зиёди гуворо туҳфа намуданд.

Чунин мешуморам, ки медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё-2018 барои мо арзиши тиллоро доранд. Дар замони баргузории чемпионат дастаро миллионҳо нафар дар Тоҷикистон дӯст доштанд, ки ин аз ҳама муҳим аст. Ташаккури зиёд ба ситоди мураббиён бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов барои кори арзандаашон. Ҳамчунин сипос ба мухлисон барои дастгириашон – бе дастгирии онҳо ба чунин натиҷа расидан номумкин буд. Бо истифода аз фурсат ба дастаи наврасони  кишвар, ки ба наздикӣ дар Чемпионати Осиё дар Индонезия ширкат мекунад, муваффақият мехоҳам», — изҳор доштааст Рустами Эмомалӣ.