Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 Октябрь 2018

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию бадеӣ ва фарҳангӣ таҷлил намудани иди Меҳргон, инчунин иҷрои банди 94 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2018, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

ҚАРОР  МЕКУНАМ:  

1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили иди Меҳргон тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро дар васоити ахбори омма таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                    Рустами Эмомалӣ