Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 Октябрь 2018

Дар бораи тасдиқи Нақшаи  чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола  дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019

Бо мақсади иҷрои банди 8қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 24 сентябри соли 2018, №206 оид ба таҳия ва пешниҳод намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳо ва гулҳои мавсимӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                                                  

                                        Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои замимагардида чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намоянд.

3. Корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар гирду атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2018 ва баҳори 2019 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва телевизиони «Душанбе» инъикосиқарори мазкурро аз тариқи воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                              Рустами Эмомалӣ