Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 October 2018

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки бинобар гузаронидани корҳои таъмиру азнавсозии пули мошингарди  кӯчаи А.Ғуломов (Автовокзал) ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт  аз болои пул, шурӯъ аз 16.10.2018 то 10.11.2018 қатъ карда мешавад.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбари хатсайрҳои микроавтобусии №№10,12,19,35 ва 53 тавассути кӯчаҳои Н.Ҳувайдуллоев ва  Раҳимӣ ба роҳ монда мешавад.