Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 October 2018

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки бинобар қатъ гардидани фаъолияти таваққуфгоҳи «Роҳи сафед» (маҳаллаи 7 км), ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбар - таксиҳо ба шаҳру ноҳияҳои самти минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои водии Рашт (Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш) шурӯъ аз 25 октябри соли 2018 аз Терминали шарқӣ (маҳаллаи Обшорон) ба роҳ монда мешавад.

Аз мусофирон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки барои сафар ба шаҳру ноҳияҳои самти минтақаи Кӯлоб ва водии Рашт аз Терминали шарқӣ (охири хатсайрҳои автобусҳои №№2, 7, 43 ва микроавтобусҳои №№5А, 15, 18 ва 39) истифода баранд.

Дар Терминали мазкур барои мусофирон ва ронандагон шароитҳои лозима муҳайё карда шудааст.