Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 October 2018

Дар бораи баргузор намудани Фестивали “Оши палав”

 

Бо мақсади муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

                                          ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Фестивали “Оши палав” рӯзи 10 ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали “Оши палав” тибқи замима тасдиқ карда шавад.

3. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои мақомоти марказӣ дар шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкурро таъмин намоянд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси васеи қарор ва рафти баргузории чорабинии мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                      Рустами Эмомалӣ