Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 Октябрь 2018

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзи 10 ноябри соли 2018, соати 10.00 дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсии пойтахт Фестивали «Оши палав» баргузор мегардад.

Дар фестивал беҳтарин ошпазҳо аз гӯшаву канори мамлакат маҳорати ошпазии худро пешниҳод менамоянд.

Ҳамчунин дар доираи фестивали мазкур, намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.

Марҳамат ба Фестивали «Оши палав».