Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 Октябрь 2018

Дар бораи баргузор намудани Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ

Бо мақсади пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт, инчунин иҷрои банди 8 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 октябри соли 2018, №675 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ   

                                   ҚАРОР  МЕКУНАМ :

1. Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ” 5 ноябри соли 2018, соати 1000 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н., шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани конференсияи мазкур тадбирҳо андешанд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 10 720 (даҳ ҳазору ҳафтсаду бист) сомонӣ тибқи харҷномаи замимагардида ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

4. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намояд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии Телевизиони Душанбе”, рӯзномаиПаёми Душанбе қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.                                                                                           

                                                                  Рустами Эмомалӣ