Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 Ноябрь 2018

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба диққати шаҳрвандон, ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бинобар аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани   корҳои таъмиру азнавсозӣ дар гузаргоҳи 1 кӯчаи Фирдавсӣ, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт, муваққатан, шурӯъ аз 2 ноябр то 30 ноябри соли 2018 дар қитъаи роҳи аз бурриши кӯчаи Борбад то бурриши кӯчаи М.Қосимов қатъ карда мешавад.

Дар робита ба ин, аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, дар ин рӯзҳо аз кӯчаҳои ҳамшафат бо риояи талаботи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ҳо истифода баранд.