Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 Ноябрь 2018

 Дар бораи эълон намудани озмун барои  ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе  ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри  Душанбе

 

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бандҳои 6 ва 24 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ гардидааст,

                                                                                               

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М:

 

1.       Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замима озмун эълон карда шавад.

2.       Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси ба тасвиб расидани қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

3.        Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти худро тибқи талаботи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ба роҳ монад.

4.       Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе вогузор карда шавад.

 

Рустами Эмомалӣ

 

 

 

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии

хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

 

а) дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 

1.       Мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, омӯзгорӣ, сиёсатшиносӣ, илмҳои гуманитарӣ, сотсиологӣ, равоншиносӣ ё соҳаи идоракунии давлатӣ;

-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири шуъбаро ба танзим медадоранд.

Маоши мансабӣ 1387,80 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

 

2.       Мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи технология ва коммуникатсия ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медадоранд.

Маоши мансабӣ 1139,40 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

 

3.       Сармутахассиси Раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи  омӯзгорӣ ва педагогика, психология, сотсиология, равоншиносӣ ва идоракунии давлатӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медадоранд.

Маоши мансабӣ 1032 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

 

4.       Сармутахассиси Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи  иқтисодӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медадоранд.

Маоши мансабӣ 1032 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

 

 

5.       Мутахассиси  пешбари бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии молиявӣ ва баҳисобгирии иқтисодӣ;

-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медадоранд.

Маоши мансабӣ 846 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

       

б)  сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

шаҳри Душанбе

 

1.       Сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шаҳри Душанбе – 2 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи туризм, туризми байналхалқӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани забонҳои хориҷӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медадоранд.

Маоши мансабӣ 1032 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

 

2.       Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шаҳри Душанбе – 2 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи туризм, туризми байналхалқӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ;

-донистани забонҳои хориҷӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медадоранд.

Маоши мансабӣ 846 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

 

3.       Мутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шаҳри Душанбе :

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи туризм туризми байналхалқӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ;

-донистани забонҳои хориҷӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медадоранд.

Маоши мансабӣ  696 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

 

4.       Мутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ё илмҳои гуманитарӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медадоранд.

Маоши мансабӣ 696 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

 

Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур ба сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шинос шаванд.

 

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 3х4);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-маълумотнома (резюме) дар шакли электронӣ.

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, индекс: 734023, телефон, факс: 221-35-68, почтаи электронӣ: dushanbe80@yahoo.com, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   www.dushanbe.tj

 

ШУЪБАИ КАДРҲОИ ДАСТГОҲИ

РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ