Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 Ноябрь 2018

ш.Душанбе. 05.11.2018.  Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” бо мақсади пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт ва ба ифтихори 24 - умин солгарди Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ" конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, масъулини сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Кори Конференсияро нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки “Қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳаммияти бузурги таърихиву сиёсӣ буда, сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ маҳсуб меёбад”.

Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Дар рафти Конференсия иштирокчиёни он дар мавзӯҳои мухталиф, аз ҷумла, Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлати демократӣ”, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Бахтнома” – и миллат аст”, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарчашмаи асосии ҳуқуқии пойдории давлати дунявӣ дар кишвар”, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷиктистон ва рушди назорати прокурорӣ ва адолати судӣ”, “Хусусиятҳо ва аҳамияти юридикии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин монанд маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.

Аз ҷониби маърӯзачиён зикр гардид, ки Конститутсия, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.

Бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад.

Ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.

Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихиро иштирокчиёни Конференсия  бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудани он маънидод намуданд.

Дар фарҷоми Конференсия миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.