Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 Ноябрь 2018
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул гардид, аз чанд боб, модда иборат аст ва кай ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст ?
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқи танзимкунандаи фаъолияти хизматчии давлатиро номбар кунед.
3. Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат ?
4. Кӣ аз номи тамоми халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад ?
5. Дар Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар кадом асос ва принсип амалӣ мегардад ?                                                    
6. Асоси иқтисодиёти ҷумҳуриро чӣ ташкил медиҳад ва мавқеи моликияти хусусӣ дар он ?
7. Дар Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ, аз синни чандсолагӣ муайян карда шудааст ?
8. Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси кадом принсип дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон иштирок мекунанд ?
9. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ амал мекундад ?
10. Дар кадом ҳолат молу мулки шахс барои эҳтиёҷоти ҷамъият гирифта мешавад ?
11. Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал ки амалӣ мегардонад ?
12. Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор дар ҷумҳурӣ кадом аст ?
13. Киҳо вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда метавонанд ?
14. Киҳо узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуда метавонанд ?
15. Киҳо наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд ?
16. Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди кӣ аз тарафи кадом мақомот интихоб мешаванд ?
17. Кадом қонунҳо танҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон мустақиман қабул мегарданд ?
18. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз киҳо иборат аст ?
19. Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомот иборат мебошад ?
20. Кадом мақомот ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро доранд ?
21. Асоси гунаҳкор ҳисобидани шахс дар содир намудани ҷиноят, чӣ гуна ҳуҷҷат аст ва онро кадом мақомот қабул мекунад ?
22. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно мекунад ё не ?
23. Шохаҳои ҳокимиятро номбар кунед.
24. Салоҳияти Маҷлиси миллиро номбар кунед.
25. Салоҳияти Маҷлиси намояндагонро номбар кунед.
26. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд ?
27. Максади гузаронидани аттестатсия ?
28. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлати» кай кабул карда шудааст ?
29. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлати» аз чанд боб ва модда иборат аст ?
30. Барои хизматчиёни давлатии маъмури чанд категория мукаррар карда шудааст ?
31. Маънои парламент чист ?
32. Аввалин маротиба парламент кай ва дар кучо таъсис ёфтааст ?
33. Демократия чи маъно дорад ?
34. Аввалин маротиба Конститутсия кай ва дар кадом давлат кабул карда шудааст ?
35. Точикистон кай узви Созмони Умумичахонии Савдо шудааст ?
36. Кадом қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи муҳокимаи умумихалқӣ қабул карда шудааст ?
37. Қонуни бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида чист ?
38. Қонуни конститутсионӣ чист ?
39. Кодекс чист ?
40. Қонун чист ?
41. Санади меъёрии ҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом шакл бароварда мешавад ?
42. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом шакл санади меъёри ҳуқуқӣ қабул менамояд ?
43. Ба Кодекс дар кадом шакли санади меъёрии ҳуқуқӣ тағйирот ворид карда мешавад ?
44. Кадом вазорату идораҳо ҷиҳати мувофиқаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳатмист ?
45. Моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи он дар низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ?
46. Таркиби санади меъёрии ҳуқуқӣ аз чӣ борат аст ?
47. Дар кадом ҳолат ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандро маҳдуд кардан мумкин аст ?
48. Оё санади меъёрии ҳуқуқие, ки ҷавобгариро пурзур мекунад, қувваи бозгашт дорад ?
49. Ки ҳуқуқи таъин кардани раъйпурсиро дорад ?
50. Бо кадом санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳифз мегарданд ?
51. Ки ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок карданро надорад ?
52. Низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд ?
53. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби кӣ таъсис ва барҳам дода мешавад ?
54. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӣ ҳуқуқи таъсис ва барҳам доданро дорад ?
55. Низоми хизмати давлатиро номбар кунед ?
56. Одоби хизматчии давлатӣ бо кадом санад ба танзим дароварда мешавад ?
57. Кадом маҳдудиятҳо вобаста ба хизмати давлатӣ муқаррар гардидааст?
58. Ба субекти ҳуқуқ эҷодкунанда киҳо дохил мешавад ?
59. Самтҳои афзалиятнок барои рушди Тоҷикистон кадомҳоянд ?
60. Мувофиқи кадом моддаи Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳуқуқи дахлнопазири дорад ?
61. Дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки манзили шахс дахлнопазир аст ва ба манзили шахс зуран даромадан ва касеро аз манхил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст ?
62. Дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳар як шахс ҳуқуқ дорад муносибатҳои худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд ?
63. Дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳар як кас ба манзил ҳуқуқ дорад ?
64. Дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат карданро дорад ?
65. Дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст ?
66. Дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст ?
67. Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
68. Мафҳумҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро номар кунед.
69. Мақомоти қонунгузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом мақом мебошад ?
70. Ҳокимияти давлатӣ чӣ гуна амалӣ мегардад ?
71. Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» маълумот диҳед.
72. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нисбати кадом мақомоти далатӣ амалӣ мегардад ?
73. Таъминоти иҷтимоии хизматчии давлатӣ.
74. Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед ?
75. Намудҳои низоми хизмати давлатиро номбар кунед.
76. Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кадом аст ?
77. Парламенти касбӣ чи маъно дорад ?
78. Феҳристи мансабҳои давлатӣ ва категорияҳои мансабҳои хизмати давлатиро шарҳ диҳед.
79. Тартиби қабулшавӣ ба хизмати давлатиро шарҳ диҳед.
80. Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатиро номбар кунед.
81. Рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатиро бо тартиби муайянгардида номбар кунед.
82. Мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ кадомҳоянд ?
83. Асосҳои катъ шудани хизмати давлатиро номбар кунед ?
84. Маҳдудиятҳои вобаста ба хизмати давлатӣ кадомҳоянд ?
85. Принсипҳои одоби хизматчии давлатиро номбар кунед.
86. Синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ.
87. Дар бораи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ маълумоти муфассал диҳед.
88. Уҳдадориҳои иловагии хизматчии давлатии маъмурӣ гуфта чиро меноманд ва он тибқи қонунҳо чӣ гуна танзим мешавад ?
89. Собиқаи хизмати давлатӣ чист ва он аз собиқаи умумии меҳнатӣ чӣ фарқ мекунад ? Тартиби муқаррар намудани собиқаи хизмати давлатиро гуфта диҳед.
90. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.
91. Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Кодекси пештара чӣ фарқият дорад ?
92. Ротатсияи хизматчиёни давлатӣ барои кадом категорияҳо пешбинӣ шудааст? Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
93. Баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчиёни давлатӣ дар асоси чӣ гузаронида мешавад ? Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
94. Парвандаи шахсии хизматчиёни давлатӣ дар асоси кадом санад пеш бурда мешавад ?
95. Тартиби пешбурди парвандаи шахсии хизматчиёни давлатӣ аз чанд фасл иборат мебошад ?
96. Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар асоси чӣ гузаронида мешавад ? Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро муфассал шарҳ диҳед.
97. Озмун барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ бо кадом мақсад гузаронида мешавад ?
98. Фаъолияти хизматчии давлатии маъмурӣ аз хизматчии давлатии сиёсӣ чӣ фарқ дорад ?
99. Кафолатҳои иҷтимоии хизматчии давлатиро номбар кунед.
100. Рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшавандаи хизматчии давлатӣ чӣ қадар аст ва дар кадом ҳолатҳо он тағйир ёфтан метавонад ?
101. Маоши хизматчиёни давлатӣ дар асоси чӣ ҳисоб карда мешавад ?
102. Оё маоши заминавии хизматчиёни давлатӣ аз рӯи категория фарқ дорад ?
103. Ҳолатҳои бе озмун таъин намуданро номбар кунед ?
104. Низомнома дар бораи захираи кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра шарҳ диҳед.
105. Рамзҳои давлатиро шарҳ диҳед.
106. Донистани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
107. Моҳияти иқтисоди миллиро шарҳ диҳед ?
108. Иқтисоди миллӣ аз кадом соҳаҳо иборат аст ?
109. Кадом вазорату идораҳои давлатӣ дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро таҳия менамояд ?