Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 Ноябрь 2018

Дар бораи тақвият бахшидани фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои супориши протоколии ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 25 сентябри соли 2018, №34 баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №78 «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» вобаста ба таъмин намудани талаботи ниёзи мардум бо истеҳсоли молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ»                                                   

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмин намудани талаботи ниёзи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳа тибқи замима таъсис ва тасдиқ карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва гурӯҳи корӣ:

- ҷиҳати таҳлили вазъи фаъолият ва ба кор даровардани корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе, инчунин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ чораҳои амалӣ андешанд;

- ба роҳбарони корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе ҷиҳати барқарор ва тибқи таъинот истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, инчунин мувофиқи мақсад истифода бурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда огоҳнома оиди дар муддати 6 моҳ (то 1 апрели соли 2019) ислоҳ кардани камбудиҳо исрол намоянд.

3. Дар сурати барқарор накардани фаъолияти корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи заминро дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада, таклифҳо манзур намоянд.

4. Аз натиҷаи иҷрои корҳо гурӯҳи корӣ то 1 майи соли 2019 ахбороти муфассал пешниҳод намояд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иникоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.                                                                                                                          

                                                                                 Рустами  Эмомалӣ