Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 November 2018

Дар бораи эълони озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ

Бо мақсади ба низом даровардани раванди фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ, роҳандозӣ намудани онҳо бо намои зоҳирии якранга дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии нақлиётӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»   

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ барои таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ аз 10 ноябри соли 2018 то 10 декабри соли 2018 бо ҷамъбасти он на дертар аз 15 декабри соли 2018, тавассути нашрияҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва шабакаҳои интернетӣ эълон карда шавад.

2. Комиссияи озмун тибқи замимаи 1 ва тартиби озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

3. Комиссияи озмунии мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор карда шавад, ки баргузорӣ ва ҷамъбасти озмуни кушодро дар муҳлати зикргардида тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонад.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои ғолиби озмун маблағи 5 000 (панҷ ҳазор) сомониро ҷудо намояд.

5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда маблағи мазкурро пардохт намояд.

6. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҷиҳати ҷалби беҳтарин лоиҳаҳои намои зоҳирии воситаи нақлиёти автомобилии таксӣ тадбирҳо андешанд.

7. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи электронию чопӣ таъмин намояд.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ