Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 November 2018

ш. Душанбе. 24.11.2018. Имрӯз дар майдони Муассисаи давлатии «Боғи парчами давлатӣ»-и шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идонаи фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам – рамзи шарафмандии давлатдории миллӣ» баргузор гардид.

Чорабинии фарҳангии идона бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва шумораи зиёди сокинону меҳмонони пойтахт сурат гирифт.

Қабл аз оғози тадбири идона дар фазо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Чорбаиниро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба иштирокчиён қироат карда шуд.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки миллати сарбаланди тоҷик беш аз ҷаҳор ҳазор қабл соҳиби парчам буд ва онро ҳамчун рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору ору номуси эҳтиром менамуд ва дар тӯли таърих зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кард.

Парчами миллӣ, ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум баҳри ободии кишвар, ҳаммароми "Дирафши Ковиён"-и аҷдодиамон бо тобиши се ранг: сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландӣ, хуррамиву абадият  ва миёни онҳо рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ аз чаҳор самти боғ ҷавонони парчамбадаст аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ворид гардида, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба майдони ин рамзи давлатӣ оварданд.

Дар майдони боғи «Парчами миллӣ» беш аз 8 ҳазор нафар намояндагони қишри гуногуни ҷомеа, аз ҷумла занону ҷавонон гирди ҳам омада, ҳар як бо парафшон намудани парчами давлатӣ бо рӯҳияи баланд ва ифтихор аз давлатдории миллӣ «Рӯзи Парчами давлатӣ»-ро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд.

Пас аз суханронии намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муроҷиатномаи иштирокчиёни ҳамоиш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардида, бо ҳамовозии кули иштирокчиён қабул карда шуд.

Чорабинии идонаи фарҳангӣ ба ифтихори «Рӯзи Парчами давлатӣ» баҳри болидахотирии иштирокчиён бо баргузории барномаи бошукӯҳи консертӣ идома ёфт.

Дар чорабинии идона сокинони сарбаланди пойтахт дар фазои сулҳу ваҳдат бо рӯҳияи идона ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодиву хушҳолӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рӯзи 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин санаи таърихӣ ҳамасола аз ҷониби сокинони кишвар бо ифтихор ва самимияти баланд таҷлил карда мешавад.

Ҳамзамон 30 августи соли 2011 дар остонаи таҷлили ҷашни 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе парчами баландтарин дар ҷаҳон дар баландии 165 метр бо паҳноии 60 бар 30 қомат афрохт, ки боиси ифтихори мардуми тоҷик мебошад.