Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 March 2011

     ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №153 аз 4 марти  соли 2011

 

Дар бораи баргузории мусобиқаҳои кушоди варзишии

гуштини миллӣ ва пойгаи равон ба муносибати ҷашни

байналмилалии «Наврӯз-2011» дар шаҳри Душанбе

 

              Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу идона таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ташвиқу тарғиб ва рушду инкишофи варзиш, баргузор намудани мусобиқаҳои гуштини миллӣ дар Варзишгоҳи марказӣ ва пойгаи равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20-и  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

                              Қ А Р О Р    М Е К У Н А М :

 

1.    Мусобиқаҳои кушоди гуштини миллӣ рӯзи 22 март соати 1400 дар Варзишгоҳи марказӣ ва пойгаи равон 23 марти соли 2011 соати 1000 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ»  гузаронида шавад.

2.    Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Тартиби баргузории мусобиқаҳои кушоди гуштини миллӣ ва пойгаҳи равон, ҳайати Кумитаҳои тадорукот тибқи замимаҳои  №1,4 тасдиқ карда шаванд.

3.    Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ  бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаҳои зикргардида чораҳои зарурӣ андешанд.

4.    Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Д.Кенҷаев) барои хароҷоти мусобиқаҳои мазкур аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи сметаи хароҷотӣ ва (Замимаҳои 5 ва 6) мутаносибан ва бо ҳайат барои гузаронидани мусобиқаи гуштини миллӣ ва пойгаи равон 88900 (ҳаштоду ҳашт ҳазору нӯҳсад) сомонӣ ҷудо намояд

5.     Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо Кумитаҳои тадорукот, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи гуштини миллии Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин варзишгарон, паҳлавонони дохилию хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

6.    Шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе барои таъмини асбобҳои пахши садо дар ҷойҳои баргузории мусобиқаҳои зикргардида чораҳои зарурӣ андешад.  

7.    Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сухторхомушкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаҳо чораҳо  андешанд.

8.    Котиби  матбуотии Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма таъмин намояд.

9.    Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

                                                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Тартиби

баргузории мусобиқаи кушоди гуштини миллӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврӯз -2011» дар шаҳри Душанбе

 

Мақсад ва ҳадафҳои мусобиқа:

         -Таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2011» дар шаҳри Душанбе;

            - рушду инкишофи гуштини миллӣ ва баланд бардоштани маҳорати варзишгарони пойтахт барои ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ ва рушди касбият дар байни онҳо;

            - фароҳам овардани имконоти фароғатию истироҳатӣ  дар қаламрави пойтахт ва таъмини оммавияти варзиш дар байни сокинони пойтахт;

            - ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Душанбе;

            - мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат ва ваҳдати миллӣ байни варзишгарони шаҳри Душанбе ва манотиқи кишвар.

 

1.      Макон ва вақти гузаронидани мусобиқа:

            Мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе таърихи 21 марти соли 2011, соати 14:00 гузаронида мешавад.

            Рӯзи омади варзишгарон 20 марти соли ҷорӣ муайян карда шудааст. Ҷамъомади сардовар ва доварон рӯзи 20 март аз соати 16:00 то 17:00 дар Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии  маҳорати олии варзишӣ оид ба намудаҳои гуштин" баргузор мегардад.

2.      Роҳбарии умумии баргузории мусобиқа:

            Роҳбарии умумии баргузории мусобиқа ба зиммаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе буда, рафти гузаронидани мусобиқа ба ӯҳдаи ҳайати довароне, ки аз ҷониби Раёсат тасдиқ шудааст, гузошта мешавад.

3.      Иштирокчиёни мусобиқа:

            Дар мусобиқа варзишгарон дар вазнҳои аз 70 кг то 80 кг ва аз 80 кг боло дар асоси дархости сохторҳои маҳаллии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паҳлавонони кишварҳои форсизабон ва Узбекистон тибқи квотаи муқарраргардида иштирок карда метавонанд.

Дархостҳо то 19-марти 2011 бевосита ба Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ё ба воситаи дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд (221-67-36, 235-10-24).

Квотаҳо ба тартиби зерин муайян шудааст:

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 12 нафар; Вилояти Суғд - 12 нафар; Вилояти Хатлон - 20 нафар; шаҳри Душанбе - 47 нафар; шаҳри Турсунзода - 6 нафар; ноҳияи Рӯдакӣ - 12 нафар; ноҳияи Ваҳдат - 6 нафар; ноҳияи Шаҳринав - 5 нафар; ноҳияи Ҳисор - 5 нафар; ноҳияи Варзоб - 4 нафар; ноҳияи Файзобод - 2 нафар; шаҳри Роғун – 3 нафар; ноҳияи Рашт - 3 нафар; ноҳияи Нуробод - 3 нафар; ноҳияи Ҷиргатол - 3 нафар; ноҳияи Тоҷикобод - 4 нафар; ноҳияи Тавилдара - 3 нафар. Бақайдгирӣ ва вазнкашии варзишгарон 20 март аз соати 12:00 то соати 16:00 дар Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии  маҳорати олии варзишӣ оид ба намудаҳои гуштин" баргузор мегардад.Варзишгарони кишварҳои форсизабон ва Узбекистон тибқи дархостҳои пешниҳодгардида аз ҷониби ташкилоти сафарбаркунанда ва Федератсияи гуштини миллии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

4.      Тарзи баргузории мусобиқа ва муайян     

             намудани ғолиб:

Мусобиқа ба тарзи хориҷшавӣ, дар натиҷаи мағлубият (тарзи олимпӣ) гузаронида мешавад. Қувваозмоӣ дар  ду вазн аз 70кг то 80кг ва аз 80кг боло (яъне вазни мутлақ) ва 5 дақиқаи соф давом мекунад. Қувваозмоии нимниҳоӣ ва ниҳоӣ то 10 дақиқаи соф давом мекунад. Дар қувваозмоиҳое, ки то 3 дақиқа паҳлавони ғолиб муайян намегардад, паҳлавони фаъол аз тарафи доварон муайян ва эълон карда мешавад. Агар то охири қувваозмоӣ паҳлавонон ба натиҷаи назаррас ноил нагарданд, паҳлавони фаъолдошта ғолиб дониста мешавад.

5.      Таҷҳизонидани ҷойи мусобиқа:

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, КВД "Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ" ва Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин" макони баргузории мусобиқаи мазкурро тибқи талаботи муқарраргардида бо лавозимоти варзишӣ ва татами омода менамоянд.

6.      Таъминоти молиявии мусобиқа

  Ҳаққи хизмати доварон ба зиммаи Федератсияи гуштини миллии Тоҷикистон, ҷои хоб ва хурокаи доварону варзишгарон  ба зимаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Хароҷоти нақлиёт ва хӯрокаи роҳ аз ҳисоби муассисаҳои сафарбаркунанда ва худи варзишгарон дар назар дошта шудааст.

                                    8. Мукофотонии мусобиқа

        Ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои арзишманди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

           

 


СМЕТАИ

 хароҷоти баргузории мусобиқаи гуштини миллӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2011» дар шаҳри Душанбе

 

Номгӯи мукофот

Миқдор

 

Арзиши мукофот 

(бо сомонӣ)

Маблағи умумӣ

(сомонӣ)

Либоси варзиши

50

150

7500

Колин 3/4

15

450

6750

Колин 3/5

10

500

5000

 ДВД

15

150

2250

Чангкашак

17

150

2550

Телевизори калон

5

700

3500

Телевизори хурд

5

450

2250

Яхдон

6

1200

7200

Мошини чомашуи

7

900

6300

  Антенаи боробали

 6

500

 3000  

Компютер

2

2250

4500

Кондитсионер

2

1200

2400

Омода наму-дани (Ҷоми Наврӯзи  байналмилалӣ- 2011)

1

2300

2300

Ғолиби вазни мутлақ

- Тӯҳфа.

-

1

 

5000

 

 

Тартиби баргузории мусобиқаи кушоди пойгаи равон ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2011» дар шаҳри Душанбе

 

Сметаи баргузории мусобиқаи кушоди пойгаи равон ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2011» дар шаҳри Душанбе