Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 Ноябрь 2018

ш. Душанбе. 29.11.2018. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пулҳои роҳи оҳан ва автомобилгардро дар ноҳияи Синои пойтахт, баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корҳои сохтмонии иншооти мазкур, ки дар буриши кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломов бо хиёбони Абӯалӣ ибни Сино» ҷойгир мебошад, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 5 июли соли 2018 оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.

Фармоишгари лоиҳаи иншоот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, он аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷиклоиҳа-Инвест” тарҳрезӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби иншоотро ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» ва Корхонаи воҳиди давалатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” анҷом додаанд.

Иншооти мазкур аз пули роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард иборат буда, зимни анҷоми корҳо масоҳати беш аз 1,5 км роҳҳо бунёд ва азнавсозӣ гардидаанд.

Баландии такядеворҳои пул 5 метр буда, тамоми деворҳо бо сангҳои хоро  ва роҳравҳо бо тахтасангҳо оро дода шудаанд.

Дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард дар ду тарафи он панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ насб гардида, аломатҳои ороишии онро таҷҳизоти равшандиҳанда зиннат медиҳанд.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни азнавсозии иншоот Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тарҳу услуби ороиши пул ва гирду атрофи он мароқ зоҳир намуда, ҷиҳати бунёди композитсияҳои муосири гулу буттаҳои ороишӣ, нигоҳубини дурусти ниҳолу дарахтони атроф ва рангубор намудани намои берунаи биноҳои истиқоматӣ, инчунин тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино дастуру супоришҳои мушаххас доданд.  

Ба Раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки азнавсозии гузаргоҳ ва пулҳои роҳи оҳан ва автомобилгард мутобиқ бо меъёрҳои мусоири шаҳрсозӣ сурат гирифта, дар баробари васлу насби низоми равшанидиҳанда ва иваз намудани хатҳои оби нӯшокию интиқоли нерӯи барқ, инчунин атрофи он дар масоҳати беш аз 5 ҳазор метри мураббаъ ба кабудизор табдил дода шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар қисмати поёнии пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд иҷро гардида, бо мақсади таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар чаҳор қитъаи иншоот аломатҳои зарурии ҳаракат дар роҳ насб карда шудаанд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои иҷрогардида баҳои баланд дода, ба масъулини дахлдори шаҳр дастур доданд, ки ҳамаи иншооти шаҳри Душанбе низ бояд мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозии муосир ва бо инобати фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонии сокинон ва меҳмонони шаҳр амалӣ карда шаванд.