Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 Ноябрь 2018

Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди муассисаҳои фарҳанги шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020                                              

Бо мақсади татбиқи нишондодҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016, №53 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 11 июли соли 2018, №195 «Дар бораи рафти татбиқи барномаву нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи фарҳанг», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»
                                            ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020 ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тибқи замимаҳои 1 ва 2  тасдиқ карда шавад.
2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе татбиқи Барномаи мазкурро таъмин намоянд.
3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои татбиқи Барномаи рушди муассисаҳои фарҳанги шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020 мутобиқи замимаи пешниҳодгардида  маблағҳои заруриро дар буҷети соҳаи фарҳанг пешбинӣ намояд.
4. Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи мазкур муқаррар гардида, ҳар нимсола доир ба корҳои анҷомгирифта гузориш пешниҳод намояд.
5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
 
                                                             Рустами Эмомалӣ