Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 Декабрь 2018

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони  шаҳри Душанбе мерасонад, ки бо мақсади кам кардани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ, шурӯъ аз 3 декабри соли 2018 дар хатсайри микроавтобусии №11 (мактаби №61 - Бозори «Балх») шумораи воситаҳои нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс» маҳдуд карда шуда, хизматрасонии хатсайри автобусии №11 ба роҳ монда шуд.

Дар хатсайри микроавтобусии №10 (Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ - маҳаллаи "Пахтакор") шумораи микроавтобусҳо кам карда шуда, фаъолияти автобусҳои хатсайри №10  (Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ - маҳаллаи "Пахтакор") ба роҳ монда шуд.

Дар хатсайри автобусии №2 (Терминали мусофирбарии шарқ-Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) шумораи автобусҳо аз 20 адад ба 26 адад зиёд карда  шуда, шумораи микроавтобусии №33 (маҳаллаи Фучик - Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) тавассути кӯчаи Н.Қарабоев маҳдуд карда шуд.

Аз мусофирон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасониҳои автобусҳои нави замонавӣ истифода бурда, автобусҳоро дар истгоҳҳо мунтазир шаванд.